ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Внешняя политика

ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Изҳороти беасоси фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон генерал Ҷон Николсон дар мусоҳибааш бо ВВС  (23.03.2018), ки гӯё тавассути сарҳади Тоҷикистон ба Толибон силоҳ таъмин мегардад, боиси таассуф аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ машрӯъияти «Ҷунбиши Толибон»-ро эътироф накардааст ва бо ҷонибдорӣ аз ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Афғонистон ҳаргиз қаламрави худро барои иҷрои  чунин амалҳо, ки хилофи равишҳои бунёдии сиёсат ва мавқеи усулии кишвар дар масъалаҳои сулҳу амният аст, ба ихтиёри  кишварҳои дигар нагузоштааст», — гуфта мешавад дар изҳороти  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 27.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.

Адрес: проспект Бухоро-50|
Республики Таджикистан|
г. Душанбе|

Электронная почта:
Журнала "Таможня"
info.gumruk@yandex.ru

Если хотите быть в курсе новостей, подпишитесь на нашу электронную рассылку: